Боздид аз Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии шаҳри Уфа

14.04.2026 13:12

9 апрели соли 2026 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Файзуллозода Фаридун аз Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии шаҳри Уфа боздид ба амал овард. Зимни боздид роҳбарият ва масъулини марказ бо фаъолияти сохтор, хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартибу низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва расмиёти марбут ба масъалаҳои муҳоҷират шиносоӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолият доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Консули генералӣ омодагии Консулгарии генералиро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳод таъкид намуда, зарурати тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами муҳоҷиратиро муҳим арзёбӣ кард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg