Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 96 дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино

30.08.2019 14:19

Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Фарзандони азиз!

Дар остонаи соли нави таҳсил мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимиро ба шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони пойтахт табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ин даргоҳи илму маърифат солҳои зиёд барои таълиму тарбияи насли ояндасозамон хизмат мекунад ва аз байни шогирдони он шахсиятҳои маъруф ба камол мерасонад.

Ҳар сол 1 - уми сентябр дар муассисаҳои таълимии кишварамон соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад.

Воқеан, мафҳуми сулҳ дар баробари дигар арзишҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари асосии пойдории давлати мо маҳсуб ёфта, шарти асоситарини зиндагии осуда, хонадони ором ва пешрафти ҷомеаву давлат мебошад.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллие, ки  дар Ватани маҳбуби мо таъмин гардидааст, бо ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони бонангу номуси халқамон ба даст омадааст.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадру манзалати ин неъматҳои бузург расем ва онҳоро эҳтиёт кунем.

Аз ин лиҳоз, расидан ба қадри сулҳ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб рафта, дар баробари ин, аз аҳли зиё, омӯзгорон, падару модарон ва умуман, кулли бузургсолон тақозо мегардад, ки ба ҷавонону наврасон моҳияти сулҳу ваҳдат, истиқлолияти давлатӣ ва сарҷамъии миллатро пайваста талқин кунанд ва барои ҷовидон мондани ин арзишҳои бузурги миллӣ кӯшиш намоянд.

Ҳукумати кишвар дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти кишвар, инчунин, ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бо ин мақсад, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ ва таъминоти толибилмон бо шароити муосири таҳсил аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин самт бо анҷом додани иқдомоти зиёд ба пешрафти соҳаи маорифи пойтахт такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 96, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дар муддати ҳамагӣ як сол бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Муассисаи мазкур аз се бинои чорошёна иборат буда, барои 1500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва бо 35 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла озмоишгоҳу синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхонаву дигар инфрасохтори зарурӣ дар он шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда шудааст.

Ба ин муносибат, ҳамаи шумо - устодону омӯзгорон, фарзандони азиз ва кулли сокинони маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синоро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки барои қомат афрохтани чунин муассисаи зебову замонавии таълимӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Фароҳам овардани шароити муосири донишомӯзӣ, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос, таҳкими таҳкурсии  моддиву техникии мактабҳо ва робитаи доимӣ бо падару модарон, хусусан, вақтҳои охир ба баланд шудани сатҳи сифати таҳсилот дар  мактабҳои пойтахт ва иштироки фаъоли хонандагон дар олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ мусоидат карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки имсол хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 383 ҷойи ифтихорӣ гардида, дар кишвар натиҷаҳои беҳтаринро соҳиб шудаанд.

Мусаллам аст, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо тавассути заҳмати пайгиронаи омӯзгорони навовару эҷодкори мо ба даст меояд ва бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо изҳори сипос менамоям.

Ҳамзамон бо ин, барои 200 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт стипендияи ҳармоҳаи Раиси шаҳр муқаррар шудааст, ки ин иқдом низ ҳавасмандии хонандагонро ба омӯзиш бештар мегардонад.

Омӯзгорони гиромӣ!

Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъала ҷалб намоям.

Тавре ки зикр кардам, сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе нисбат ба солҳои пеш ботадриҷ беҳтар шуда истодааст ва натиҷаҳои дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба макотиби олӣ далели гуфтаҳои боло мебошад.

Масалан, соли 2018 аз 13 ҳазору 160 нафар довталаб 10 ҳазору 595 нафар ё 84 фоиз холи гузаришро соҳиб шуда, 8 ҳазору 800 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат дохил гардидаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст.

Соли ҷорӣ ин нишондиҳанда боз ҳам беҳтар шуда, ба 89 фоиз расидааст.

Вале боиси нигаронӣ он аст, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ то ҳанӯз дар интихоби касб ба ихтисосҳои самтҳои ҷомеашиносӣ, махсусан, ҳуқуқшиносиву тиббӣ майлу рағбати  бештар доранд.

Таҳлили фаъолияти шашсолаи Маркази миллии тестӣ собит намуд, ки майлу хоҳиши хатмкунандагон барои интихоби ихтисосҳои табииву техникӣ ва соҳаи иқтисод нокифоя мебошад.

Барои мисол, агар соли 2014 ба гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ довталабон нисбат ба нақшаи қабул 16 фоиз кам ҳуҷҷат супорида бошанд, ин нишондиҳанда дар нақшаи қабули соли ҷорӣ ба гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда 22 фоиз поён фаромадааст.

Ҳамин гуна тамоюли пастравӣ дар гурӯҳи ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ низ ба мушоҳида мерасад.

Ва баръакс, хоҳиши довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва тиббӣ бештар боқӣ монда, ҳамасола то 145 фоиз аз нақшаи қабул зиёд ҳуҷҷат месупоранд.  

Дар кластери 1-ум, яъне гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, ки имрӯз барои пешрафти иқтисоди кишвар мутахассис омода мекунад, ҳамагӣ 9543 довталаб ҳуҷҷат супоридааст, ки 84 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад ва қисми зиёди ин довталабон низ  аз имтиҳон намегузаранд.

Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илм, сохторҳои он дар маҳал ва кулли омӯзгорон вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати роҳнамоии фарзандон барои интихоби ихтисосҳои барои кишварамон зарурӣ ҷоннок намоянд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки ба масъалаи фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Зеро тибқи маълумот бештари ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншикании ноболиғону наврасон маҳз аз ҷониби хонандагони аз зинаи сеюми таҳсил берунмонда содир карда мешавад.

Гарчанде содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар шаҳри Душанбе назар ба ҳамин давраи соли гузашта 111 ҳолат ё 55 фоиз кам шудааст, аммо дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ мутаносибан 12 ва 6 ҳолат афзоиш ёфтааст.

Инчунин, фарогирии хонандагони пойтахт ба зинаи сеюми таҳсилот, яъне баъди хатми синфи 9 низ боиси нигаронӣ мебошад.

Ҳарчанд масъулони соҳаи маориф ҷиҳати ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тавсия намудани   чунин хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд, вале ин ҳанӯз роҳи ҳалли пурраи масъала нест ва бояд барои фаро гирифтани хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, тақвият бахшидани робита бо оила, ҳамчунин, дар самти риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад.

Бояд фазои холии кӯдакону наврасон бо машғулиятҳои гуногун пур карда шуда, фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар самти фарогирӣ ба маҳфилҳои омӯзишиву касбомӯзӣ тақвият дода шавад.

Фикр мекунам, ки мо бояд бо кӯшиши якҷоя ин масъалаҳоро ҳаллу фасл кунем ва фарзандонамонро тавре ба камол расонем, ки онҳо дар оянда номбардору ифтихори мо, яъне насли калонсол бошанд.

Бовар дорам, ки шумо, фарзандони азиз, бо истифода аз шароити беҳтарине, ки давлату Ҳукумат бароятон фароҳам овардааст, бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунед, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар ба камол расида, ҳамчун насли ояндасоз Ватани маҳбуби худро боз ҳам ободу зебо мегардонед.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва хушбахтиву иқболи нек  орзумандам.

Соли нави хониш ва Рӯзи дониш муборак бошад!

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg