Сафари кории Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федертсияи Россия ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федертсияи Россия

31.10.2019 17:12

28 октябри соли равон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федертсияи Россия Имомиддин Сатторов дар Донишгоҳи давлатии нефту техникии шаҳри Уфа (ДДНТУ) бо донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Бошқирдистон таҳсил мекунанд, мулоқот кард.

Ректори донишгоҳ, дорандаи ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои табиии Россия Рамил Бахтизин ҳозиринро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Профессори фахрӣ» — и ДДНТУ мебошад.

Ин муассисаи таълимӣ соли 1948 таъсис ёфта, ба қатори «100 донишгоҳи беҳтарини Федератсияи Россия» шомил аст. Дар он 4 омӯзгори тоҷик ба шогирдон дарс гуфта,  теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба 158 нафар мерасад. То кунун 66 нафар шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби дипломи ин махзани дониш гардидаанд.

-Устодони донишгоҳ борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, бо бархе аз омӯзгорону ҷавонони шаҳру навоҳии Душанбе, Бохтар, Кўлоб, Хуҷанд, Исфара, Данғара, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва  Бӯстон мулоқот доштанд. Зеро мақсад дорем ва мехоҳем дар соҳаи илму маориф бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ робитаи қавитар дошта бошем, — гуфт Рамил Бахтизин.

Имомиддин Сатторов иброз дошт, ки ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Уфа соли 2015 ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Бошқирдистон такони ҷиддӣ бахшид. Ин буд, ки дар тӯли ҳафт моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта муомилоти тиҷоратии Тоҷикистону Бошқирдистон қариб ду баробар афзуд. Панҷ сол пеш шумораи донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки дар макотиби олии Федератсияи Россия ва филиалҳои дар Тоҷикистонбудаи бархе аз онҳо таҳсил мекунанд, 14 ҳазор нафарро ташкил медод. Ҳоло ин рақам ба 28000 кас расидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки довталабони тоҷик нисбат ба дигар кишварҳо ба макотиби олии Федератсияи Россия таваҷҷуҳи бештар доранд. Сифати омода кардани мутахассисон низ дар Россия торафт баланд мегардад. Дар баробари ин, сатҳи дониши довталабони тоҷик ҳам боло рафтааст.

z8gQI2-HtxI.jpg

 

-Мо аз он дастгириҳое, ки роҳбарияту устодони донишгоҳҳои Бошқирдистон ва умуман Федератсияи Россия нисбат ба донишҷӯёни тоҷик мекунанд, бениҳоят миннатдорем. Чунки баҳри таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Россия нақши донишгоҳҳо хеле калон аст. Зеро ҷавононе, ки дар онҳо таҳсил мекунад, дар баробари гирифтани ихтисос забони русиро мукаммал омӯхта, мубаллиғи густариши робитаҳои ҳар ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ мегарданд, — гуфт  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.

Имомиддин Сатторов, инчунин донишҷӯёнро ба риояи одоб, эњтироми қонунҳои макони будубош ва фаро гирифтани дониши мукаммал даъват карда, изҳори умед намуд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар оянда мутахассиси варзида гашта, дар пешрафту ободии Тоҷикистон ҳиссаи босазо хоҳанд гузошт.

Сарвари Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯ «TAJUNITY» Улуғбек Абдувалиев изҳор дошт, ки донишҷӯёни тоҷик доимо кўшиш мекунанд хубу аъло таҳсил намуда, дар тарғибу ташвиқи забону фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ саҳм гузоранд. Барои тақвияти гуфтаҳо ӯ далел овард, ки моҳи марти соли равон бо ташаббуси «TAJUNITY» ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз нахустин марафони варзишии донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Уфа баргузор гардид. Ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДНТУ Ҳафтаи таърих ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Вобаста ба ин, бо дастгирии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмом Саид Давлат ва раиси Ҷамъияти марказии миллии фарҳангии тоҷикон ба номи Исмоили Сомонӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Абдулло Зайдуллоев дар мавзўи таъриху фарҳанг викторина ва мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Уфа сурат гирифт.

Бо истифода аз фурсати муносиб Имомиддин Сатторов ва Эмом Саид Давлат дар вазъияти тантанавї ба ғолибони чорабиниҳои зикршуда туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома супориданд.

14.jpg

 

Дар анҷом Рамил Бахтизин пешниҳод намуд, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф Ассотсиатсияи мактабҳои олии Тоҷикистону Федератсияи Россия таъсис дода шавад. Зер ин гуна ниҳод алҳол бо Ҷумуҳрии Озарбойҷон фаъолият дошта, самараи нек дода истодааст.

-Модоме ки идеяи таъсиси ассотсиатсия аз ДДНТУ ба миён омад, беҳтар мебуд, кумитаи тадорукоти он низ дар ин донишгоҳ ташкил ёбад. Ва мо ба ҳар як пешниҳоде, ки боиси рушди муносибатҳои дуҷониба мегардад, арҷ мегузорем, -афзуд Имомиддин Сатторов.

Ёдовар мешавем, ки дар мактабҳои олии Бошқирдистон 848 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил намуда, яке аз бузургтарин диаспораҳои толибилмонро ташкил медиҳанд.

Нигористон

Тақвим