Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Теҳрон

08.11.2019 10:13

5-уми ноябри соли ҷорӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар ш. Теҳрон чорабинӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими  Эрон, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.

Дар суханронии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ҳозиринро бо ҷашни 25-солагии қабули Конститутсия, ки дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян кардани роҳи минбаъдаи рушду такомули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон  нақши ҳалкунанда дошт, табрик намуд. Ба ин муносибат нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки ин санади олии сиёсиву ҳуқуқиро ба маромномаи халқи тоҷик табдил дод, таъкид гардид.

Ҳамчунин мақоми Конститутсия дар ташаккули асосҳои ҳуқуқии  сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи он ба  ҳамгироии кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ мусоидат намуд, таъкид гардид. 

Дар фарҷоми чорабинӣ навори видеоӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла китобҳои Пешвои миллат, ки ба забони форсӣ баргардон шудаанд, пешниҳод гардиданд.

20191105-110852-08-11-2019-1112.jpg

Нигористон

Тақвим