Таҷлили 25- умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа

08.11.2019 14:44

Бо ташаббуси Консулгарии генералӣ дар шаҳри Уфа санаи 26 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа «Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ба муносибати ин санаи фархунда бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа, фаъолон, роҳбарони ҷамъияти тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои олии таълимии шаҳри Уфа, дар донишгоҳи мазкур якчанд чорабиниҳо баргузор гардид.

6.jpg

Дар ҷашни тантанавӣ, ки дар толори донишгоҳи мазкур баргузор гардид, Консули генералӣ Эмом С.Д. ҳозирин ва иштирокчиёни ҷашнро табрику шодбош намуда, баъдан оид ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз маълумот дода, қайд намуд, ки маҳз бисту 25 сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар муайян намудани пояҳои давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.

Инчунин, ба саҳми иштироккунандагон расонида шуд, ки маҳз Конститутсия тамоми низоми соҳибихтиёрии давлатро муқаррар, принсипҳои демократии фаъолияти онро мустаҳкам ва механизми ҳуқуқии баамалбарории ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандиро инъикос намуд.

yg598kWCry0.jpg

Дар ҳошияи ин чорабиниҳо, инчунин маҳфили саволу ҷавоб (викторина) оид ба донистани таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик миёни устодон ва донишҷӯёни ғайри тоҷики Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа гузаронида шуд, ки дар фарҷом аз ҷониби Консули генералӣ ба се нафар ғолибон сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Чанышев Н.Т., муовини раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Гилязитдинова Ю.К. ва донишҷӯи курси 4-ум Нургужаев С. грамотаи фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

xB92t1Fo030.jpg

Ҳамчунин, бо ифтихори таҷлили 25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа мусобиқаи футбол миёни донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Уфа баргузор гардид. Дар мусобиқаи футбол намояндагони 6-донишгоҳи шаҳри Уфа иштирок варзида, дар он дастаҳои Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа ва Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо ҷом ва медалҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

6Ozw3pO-Skc.jpg

Дар чорабинии мазкур таҳти садои суруду мусиқиҳои тоҷикӣ дастархони идона ороста гардида, хуришу таомҳои миллӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуданд.

 

Нигористон

Тақвим