Вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Бошқирдистон

03.02.2020 09:10

30 январи соли ҷорӣ  мулоқоти консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат бо вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Бошқирдистон, генерал-лейтенант Деев Роман Викторович баргузор гардид.

1dde6a46-3c2f-4d47-a939-bd9b2eafd26d_medium.jpg

Дар оғози мулоқот консули генералӣ оид ба дастовардҳои кишварамон дар даврони истиқлолият ва ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар самти мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм сӯҳбат намуд.

Баъдан Консули генералӣ аз мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла дар самти гирифтани иҷозати кор (патент), бақайдгирии муҳоҷирон ва тартиби гузаронидани амалиётҳои ногаҳони аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Консулгарии генералӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва беҳтар намудани вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар карда шаванд.   

Дар рафти мулоқот консули генералӣ ҳамчунин доир ба интихоботи дарпешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1-уми марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад маълумот дода, қайд намуд, ки дар бинои Консулгарии генералӣ низ участкаи интихоботӣ барои овоздиҳии шаҳрвандонамон, ки дар ҳавзаи консулӣ буду бош ва фаъолият менамоянд, кушода мешавад.

Дар навбати худ вазири корҳои дохилӣ Деев Р.В. оид ба вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Бошқирдистон маълумот дода, омодагии худро дар якҷоягӣ бо муассисаи консулӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ иброз намуд.

Нигористон

Тақвим