Вохӯрӣ бо шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик

15.02.2020 17:23

Санаи 14 феврали соли равон дар бинои Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии шаҳри Уфа бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа вохӯрӣ бо шаҳрвандон, донишҷуён ва раисони ҷамъияти тоҷикони ҳавзаи консулӣ баргузор гардид.

DSC-0166_medium.jpg

Дар вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат, корманди масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сангинов Бахтиёр Бобоевич, ва намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия полковники милитсия Фатозода Абдусатор иштирок намуданд.

DSC-0204_medium.jpg

Сараввал дар чорабинии мазкур донишҷӯӣ Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии шаҳри Уфа Бафоев Абдурашид ба саҳми иштирокчиён оид дарстовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият маълумот пешниҳод намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом С.Д., корманди масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сангинов Б. Б., намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Фатозода А. ва раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфа Зайдуллоев А.Н. оиди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 1 марти соли равон баргузор мегардад, инчунин оид ба қоидаҳои будубоши шаҳрвандонамон дар кишвари иқомат, канораҷуи намудан аз гуруҳҳои террористию экстремисти ва шомил нашудан ба ҳар гуна равияҳои бегонапарастӣ суханронӣ намуданд.

DSC-0172_medium.jpg

DSC-0183_medium.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg