Ҳамватанонамон дар участкаи интихоботии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа райъи худро доданд

02.03.2020 17:30

Дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Қарои Маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, тамоми шароитҳои зарурӣ барои иштироки шаҳрвандонамон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидаанд.

DSC-0159.jpg

Санаи 1-уми марти соли 2020 шаҳрвандони кишварамон, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Бошқирдистон ва дигар минтақаҳои тобеи ҳавзаи консулӣ иқомат мекунанд, ҷиҳати иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ташриф оварданд.

DSC-0250.jpg

Шаҳрвандони кишварамон, ки муваққатан дар минтақаҳои тобеи ҳавзаи консулӣ фаъолият доранд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштрок намуда, бо руҳияи баланди ватандӯстона ва ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан ба номзаду ҳизбҳои арзанда райъи худро доданд.

DSC-0183.jpg

DSC-0301.jpg

 

Нигористон

Тақвим