Вазорати корҳои дохилии Россия тартиби тамдиди мӯҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Федератсияи Россия шарҳ медиҳад «Бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо дарназардошти вазъи вобаста ба паҳншавии сирояти нави коронавирус, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз 19 марти соли 2020 мӯҳлати будубоши муваққатии худро дар Федератсияи Россия тамдид намоянд.
Барои ин, онҳо бояд ба наздиктарин ба маҳалли воқеии будубоши худ мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия бо ариза (дар шакли озод) муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандоне, ки дар асоси раводид ба Россия омадаанд, новобаста аз мақсади ворид шудан ба Россия мӯҳлати эътибори он тамдид карда мешавад. Агар мӯҳлати раводид аллакай тамом шуда бошад, мӯҳлати будубоши муваққатии онҳо низ тамдид карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки бо тартиби бе раводид ба Россия омадаанд, мӯҳлати будубоши онҳо низ тамдид карда мешавад, аз ҷумла агар муҳлаташ ба охир расида бошад ҳам.
Қабули ариза оид ба додани иҷозат барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатномаҳои корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия истиқомат мекунанд, дубора оғоз мегардад.
Ғайр аз он, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои гирифтани патентҳои нав бидуни тарк кардани қаламрави Федератсияи Россия ва бидуни ба ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани мӯҳлати пешниҳоди аризаҳои дахлдор муроҷиат кунанд.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Россия дар асоси иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати ба анҷом расидани мӯҳлати амали ҳуҷҷати додашуда, мӯҳлати он тамдид карда мешавад."