Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия раванди муҳлати будубоши муваққатӣ, иқомати доимӣ ва ё муваққатӣ барои он шаҳрвандони хориҷие, ки давраи аз 15 марти соли 2020 то 15 июни соли 2020-ро фаро мегирад, то ба охир расидани марҳалаи 90-рӯза, боздошта мешавад.
Яъне, дар марҳалаи муайяншудаи 90-рӯза, аз 15 март то 15 июни соли 2020, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, метавонанд БЕ ТАМДИД НАМУДАНИ муҳлати бақайдгирӣ дар маҳали иқомат, муҳлатҳои иҷозат барои кор, патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, муҳлатҳои иқомати доимӣ ва муваққатӣ (аз ҷумла тамдиди иҷозати иқомати доимӣ / вид на жительство), дар қаламрави Федератсияи Россия иқомат ва кори худро идома диҳанд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷие, ки бе мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ворид шудаанд ва натавонистанд иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии худро саривақт дастрас намоянд, дар давраи аз 15 март то 15 июни соли 2020, метавонанд бидуни бақайдгирӣ, гирифтани иҷозат ва патент фаъолияти меҳнатиро анҷом диҳанд.
Дар баробари ин, кортаъминкунандагон ва дигар муассисаҳое, ки барои фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро қабул менамоянд, муваззаф ҳастанд, ки тартиботи ҷории Федератсияи Россия дар робита ба пандемияи коронавирусро риоя намоянд.
Дар ин робита бори дигар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашудаи кишвари иқомат, аз ҷумла тартиботи вобаста ба он ҷоришударо комилан риоя намоед.
Дар сурати ба миён омадани мушкилот ва дигар саволҳои зарурӣ, шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Россия, бо рақамҳои телефон ва адресҳои электронии интернетии зерин тамос гиранд:
ш. Москва:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740 02 12

+7 (977) 487 89 64

+7 (910) 443 63 35