Мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия 

21.05.2020 16:38

21 майи 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи хос ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ равона гардид.

Тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.

PS7A2817-21-05-2020-17-38.jpg

PS7A2829-21-05-2020-17-39.jpg

Нигористон

Тақвим