Маълумот барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.05.2020 10:48

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Бояд қайд кард, ки дар мавриди Федератсияи Россия дар марҳилаи аввал тамаркуз ба баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Федератсияи Россия тайи се моҳи охир қарор доранд, карда шудааст. Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Ҳамзамон, Консулгарии генералӣ иттилоъ медиҳад, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад. Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ, вобастагӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Россия қарор дошта эҳтиромона хоҳишмандем, хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд.

Дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, хоҳишмандем тавассути телефони доимиамалкунандаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа +7 (347) 276 52 96, тамос гирифта шавад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg