Маълумот барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.05.2020 16:17

Ҳамватанони муҳтарам!

Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад. Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд.

Бинобар ин, аз ҳамаи шумо бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ (автобус, таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар) худдорӣ намоед. Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи дар натиҷаи сирояти коронавирус ба вуҷуд омада, ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиётӣ, манъ аст.

Ҳамватанони азиз, дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа хабардор карда мешавед.

Дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, хоҳишмандем тавассути телефони доимиамалкунандаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа +7 (347) 276 52 96, тамос гирифта шавад.

Нигористон

Тақвим