Ҷасорату мардонагии донишҷӯи тоҷик

10.06.2020 13:39

face1.jpg

Санаи 7 июни соли ҷорӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон Қаландаров Ҳоҷимурод Саидакбарович аз дарёи «Белая»-и шаҳри Уфа ду кӯдаки ноболиғро, ки ғарқ мешуданд, ба ҷои бехатар бароварда, мутаассифона худашро наҷот дода наметавонад ва ба ҳалокат мерасад.

  Муовини сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Ягафаров Ф.М. ва раиси Кумитаи давлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Бошқирдистон Баличева М.Д. ба Консулгарии генералӣ тамос гирифта, барои мардонагиву ҷасорати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Ҳ.С. изҳори минатдорӣ ва ҳамзамон ҳамдардӣ баён намуданд.

 Ҳамчунин, шоми 8 июни соли равон тариқи шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Бошқирдистон оиди ҳодисаи ҷойдошта ва доир ба мардонагиву ҷасорати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳум Қаландаров Ҳ.С. барномаҳои хабарӣ пахш гардид.

Нигористон

Тақвим