Парвози чартерии «Қазон - Душанбе»

01.07.2020 08:49

Аз ҷониби Консулгарии генералӣ комиссия махсус иборат аз кормандон ва намояндагони диаспораи тоҷикон таъсис дода шуда, дар асоси муроҷиатҳои воридгашта рӯйхати шаҳрвандон барои хатсайри чартерии “Қазон-Душанбе” тартиб дода шуд, ки намояндагони ширкати “Тоҷик Эйр” аз рӯи он чиптаҳоро ба фурӯш гузоштанд.  

Бояд қайд намуд, ки зимни тартиб додани рӯйхат авлавият ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯёни хатмкарда ва шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Федератсияи Россия дармондаанд, дода шуд.

Парвози хатсайри чартерии “Қазон-Душанбе” санаи 26 июни ҷорӣ анҷом дода шуда, 228 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

 

4801ea02-9c25-48f4-8753-9832c4454e01.jpg

 

Нигористон

Тақвим