Суҳбати телефонии Президенти Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Русия

02.07.2020 15:37

2 июли 2020 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ибтидои суҳбат Сарвари давлати мо Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия сидқан табрик намуда, таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

http://president.tj/node/23318

Нигористон

Тақвим