Дар асоси қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа участкаи интихоботи кушода шудааст. Ба ҳавзаи Консулгари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа 14 минтақаи, Федератсияи Россия, аз ҷумла ҷумхуриҳои Тотористон, Бошқиртистон , Чувашия, Мордовия, Марий-Эл, Удмуртия, вилоятҳои Самара, Саратов, Оренбург, Нижний-Новгород, Киров, Пенза, Уляновск ва Кишвари Перм шомил мебошанд. Кормандони консулгарии генералӣ дар давраи омодаги ба интихобот ба ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои мазкур сафар намуда, оиди баргузории интихобот бо шаҳрвандонамон вохӯриҳо ва сӯҳбатҳо анҷом доданд. Айни ҳол дар бинои консулгарӣ бо дарназардошти риоя намудани қойидаҳои эпидемологӣ барои овоздиҳандагон тамоми шароити овоздиҳи фароҳам оварда шудааст. Дар муасисаи консулӣ барои овоздиҳии пинҳонӣ ҳуҷраҳои махссус таҷҳизонда шуда, тамоми маводҳои интихоботӣ ва қуттиҳои интихоботӣ гузошта шудаанд.