Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.10.2020 13:19

Дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Қарои Маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, бо риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ тамоми шароитҳои зарурӣ барои иштироки шаҳрвандонамон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидаанд.

Санаи 11-уми октябри соли 2020 ҷамъиятҳои тоҷикон, фаъолон ва шаҳрвандони кишварамон, ки муваққатан дар 14 минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла Ҷумҳурии Тотористон, Ҷумҳурии Бошқирдистон, Ҷумҳурии Чувашия, Ҷумҳурии Мордовия, Ҷумҳурии Удмуртия, Ҷумҳурии Марий Эл, кишвари Перм, вилояти Уляновск, вилояти Нижегородск,  вилояти Саратов, вилояти Оренбург, вилояти Пенза, вилояти Самара ва вилояти Киров иқомат мекунанд, ҷиҳати иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ташриф оварданд.

Шаҳрвандони кишварамон, ки муваққатан дар минтақаҳои тобеи ҳавзаи консулӣ фаъолият доранд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштрок намуда, бо руҳияи баланди ватандӯстона ва ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан ба номзади арзанда райъи худро доданд.

IMG-1689.png

IMG-1700.png

IMG-1872.png

IMG-1873.png

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg