Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон

15.10.2020 14:56

IMG-1875.jpg

Санаи 14 октябри соли ҷорӣ вохӯрии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат бо ректори Донишгоҳи давлатии Тиббии Бошқирдистон Павлов Валентин Николаевич баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин проректор оид ба корҳои таълимӣ Цыглин Александр Александрович, декан оид ба кор бо донишҷӯёни хориҷӣ Фаршатов Расул Салихович ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Абдрахимов Руслан Вахитович иштирок доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Консулгарии генералӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон табодули назар намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Павлов В. Н. миннатдории худро барои расонидани кӯмак ба донишҷӯён дар давраи ҳамагирии коронавирус ба Консули генералӣ баён намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg