Санаи 26 январи соли равон кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа дар якҷоягӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар округи Поволжя ва раисону фаъолони ҷаъмиятҳои тоҷикони шаҳрҳои Уфа ва Перм дар бинои консулгарӣ Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, ба таври мустақим тариқи шабакаи телевизиони давлатӣ тамошо намуданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни чорабинии мазкур оид ба самтҳои баёнгардида доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар табодули назар намуда, аз ҷониби иштирокчиён тасмим гирифта шуд, ки дар вохӯриву сӯҳбатҳо бо масъулони мақомоти ҳавзаи консулӣ ва шаҳрвандонамон муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба саҳми онҳо расонида шавад.