Санаи 18-19 октябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рафти сафари кории худ ба Ҷумҳурии Чувашия бо Роҳбари он ҷумҳурӣ Олег Николаев мулоқот кард. Зимни суҳбат, ки дар фазои анъанавии дӯстона баргузор шуд, ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чувашия табодули афкор намуданд.
Тарафҳо майлу рағбати худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои саноат, маориф, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, ташкили сафари доираҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя иброз доштанд.
Ҳамзамон ҳамсуҳбатон перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла интиқоли молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чувашия изҳори назар карданд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқоти баргузоршуда дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чувашия саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рафти сафари кории худ, аз Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянов дидан карда, бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот бо донишҷӯён ва намояндагони диаспораи тоҷик Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ маълумот дод. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Зимни сафар гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сафир аз коргоҳҳои истеҳсолии Консерни «Тракторные заводы» дидан карда, бо тарзи коркарди истеҳсолоти рехтагарӣ, инчунин васлкунии техникаи саноатӣ ва кишоварзӣ шинос шуда, дар ширкати холдингии электротехникии «ЧЭАЗ» бо рафти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва тарҳи системаҳои таъминоти барқ барои иншооти энергетикию саноатӣ шинос гардид.
Зимни мулоқот роҳбарони корхонаҳои мазкур ҳавасмандии худро ҷиҳати даъвати зиёда аз 250 нафар муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон барои фаъолият дар ин ширкатҳо изҳор намуданд.