Бо ташаббуси Консулгарии генералӣ санаи 5 ноябри соли равон дар бинои консулгарӣ бо иштироки донишҷӯёни тоҷики ш. Уфа ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии фархунда Консули генералӣ Эмом С.Д. ҳозирин ва иштирокчиёнро табрику шодбош намуда, оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму сарнавштсоз маълумот дод.
Баъдан, атташеи консулгарӣ С. Бобохони ба диққати ҳозирин дар мавриди таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва хизмати он дар мустаҳкам намудани пояҳои давлату давлатдории навини тоҷикон, нақши ҳалкунанда бозидан ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон суханронӣ намуд.