Бо арзи эҳтиром ба маълумот мерасонем, ки санаи 14 декабри соли равон бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон ба шаҳри Уфа ҳайати расмии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. Р., сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбозода Қ., сардори Шуъбаи равобити иқтисоди хориҷии вилояти Хатлон Улфатзода А. ва сорҳибкорони вилояти Хатлон ҷиҳати ишитирок дар форуми байналмилалии «Ҳафтаи тиҷорат 2021» ташриф оварданд.
Форуми байналмилалии «Ҳафтаи тиҷорат 2021» бори аввал дар толори конгрессӣ – яке аз калонтарин толорҳои шаҳри Уфа баргузор гардида, дар он зиёда аз 1500 нафар ҳайатҳои расмӣ ва доираҳои тиҷоратӣ аз 10 кишвар ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар доираи форуми болозикр санаи 16 декабри соли ҷорӣ дар толори конгрессӣ бо ташаббуси консулгарӣ намоиши аксҳо бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои иштирокчиён пешкаш гардид.
Инчунин, дар нимаи дуюми рӯз 16 декабр муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А.Р. дар чоҳорчуби барномаҳои форуми зикргардида ба ҳозирин оид ба имкониятҳои иқтисодиёту нақлиёт, саноат, энергетика, ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу фарҳанги вилояти Хатлонро муаррифӣ намуда, оид ба фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон баромад намуд.
Гурӯҳи соҳибкорони ҳайати расмӣ бошад, дар доираи форуми байналмилалӣ бо шарикони худ аз дигар кишварҳо дар ҷаласаҳои пленарӣ оид ба ҳамкориҳо сӯҳбатҳо анҷом додаанд.
Дар рафти сафар ҳайати расмӣ бо сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Назаров А. Г., муовини якуми сарвазир – вазири иқтисод Муратов Р. ва Вазири равобити иқтисоди хориҷӣ Боличева М.Д. дар ҳошияи форуми болозикр вохӯрӣ карда инчунин, оид ба лоиҳаи Созишномае, ки аз ҳарду ҷониб омода гардидаасту дар фурсати муносиб бояд ба имзо расад, сӯҳбат анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули назар намуданд.
Ҳамчунин санаи 18 декабри соли равон ҳайати расмии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. Р. аз Донишгоҳи давлатии нафтиву техникии шаҳри Уфа, ки дар он беш аз 300 донишҷӯӣ тоҷик таҳсил менамоянд ва аз толори таълимии (аудитория) Тоҷикистон дидан карда, бо ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ бо муовини ректор оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Чанишев Н.Т. мулоқот намуданд.
Дар таърихи 19 декабри соли 2021 ҳайати расмии вилояти Хатлон дар Бозори яклухти фурӯши меваю сабзавоти шаҳри Уфа “ЕвроАзия” бо соҳибкорони тоҷики муқими шаҳри Уфа вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Мулоқот дар фазои хуб ва озод сурат гирифта, соҳибкорони зодаи вилояти Хатлон иброз доштанд, ки омодаанд дар рушду обод гардонидани диёрашон саҳм гузоранд.
Инчунин, Консулгарии генералӣ санаи 20 декабри соли ҷорӣ вохӯрии ҳайати расмии вилояти Хатлонро бо президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Хакимов Тимур Артурович ва муовини президенти Палатаи савдо ва саноат Александрова Ангелина Владимировна баргузор намуд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳоро миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон матраҳ намуда, ҷиҳати ташкил намудани вохӯриву мулоқотҳои соҳибкорон, гузаронидани намоишҳои молу маҳсулот, конфронсу семинарҳо, инчунин анҷом додани сафарҳои корӣ, бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ суҳбат намуданд.