Раводид чист?
Раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад.
«Раводид» аз «раводиди электронӣ» чӣ фарқ дорад?
Раводид дар қоғази махсуси дорои хусусиятҳои ҳимоявӣ аз сохтакорӣ (қалбакикорӣ) дар намуди тамғақоғаз гузошта мешавад, ки он дар саҳифаи махсусан ҷудокардашуда барои раводид дар шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати онро ивазкунанда насб карда мешавад. Чунин категорияи раводидро раводиди стандартӣ ё стикерӣ низ мегўянд. Шурўъ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани дархост ба гирифтани раводид ба роҳ монда шуд. Дархостҳо барои гирифтани раводиди стандартӣ ба сомонаи инернетии www.visa.gov.tj. дода мешаванд.
Категорияҳои раводид:
- раводиди дипломатии навъи «Д»;
- раводиди хизматии навъи «Х»;
- раводиди сармоягузории навъи «С»;
- раводиди кории навъи «К»;
- раводиди меҳнатии навъи «М»;
- раводиди сайёҳии навъи «Т»;
- раводиди таҳсилотии навъҳои «О1» ва «О2»;
- раводиди хусусии навъҳои «ХС1» ва «ХС2»;
- раводиди минтақаи озоди иқтисодии навъи «МОИ»;
- раводиди нақлиётии навъи «Н»;
- раводид барои истиқомати доимии навъи «ИД»;
- раводиди воситаи ахбори оммаи навъи «Ж»;
- раводиди табширии навъи «ТБ»;
- раводиди башардӯстонаи навъи «Б»;
- раводиди транзитии навъи «ТР»;
- раводиди хуруҷии навъи «Хуруҷӣ».
Барои гирифтани раводид марҳилаҳои зеринро иҷро намоед:
ҚАДАМИ 1
ҚАДАМИ 2
1) Дипломатҳо;
2) Кӯдакон.
ҚАДАМИ 3
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тартиби раводид, лутфан бо шӯъбаи консулии Сафорат тамос гиред.
Рӯз ва соатҳои корӣ: рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 09:00 то 12:00 ва аз 14:00 то 17:00.
Телефон: + 43 (0) 1 4098266
Почтаи электронӣ: consular@tajikembassy.at
Мушаххасоти суратҳисоби бонкӣ барои хизматрасониҳои консулӣ:
Inhaber: Botschaft der Republik Tadschikistan
Bank: UNICREDIT BANK AUSTRIA AG
IBAN: AT51 1100 0095 54787301
BIC (SWIFT): BKAUATWW
** Эзоҳ: Онҳое, ки барои гирифтани раводиди электронӣ тавассути www.evisa.tj муроҷиат кардаанд, лутфан маблағи раводиди электрониро ба суратҳисоби бонкии мазкур интиқол надиҳанд. Суратҳисоби дар боло зикршуда танҳо барои раводидҳои стандартӣ ва дигар хизматрасониҳои консулӣ, ки Сафорати Тоҷикистон дар Австрия пешниҳод менамояд, пешбинӣ шудааст.
“Раводиди электронӣ”
Низоми барасмиятдароии раводиди электронӣ дар чӣ ифода меёбад?
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 бори нахуст дар фазои давлатҳои аъзои ИДМ низоми электронии таҳия ва додани раводидҳоро барои шаҳрвандон аз 78 давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монд.
Мақсади низоми нав дар содда гардонидани расмиёти таҳияи раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода меёбад, ки як қадами муҳим оид ба татбиқи хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад.
Тартиби таҳияи раводиди электронӣ чӣ гуна аст?
Раводиди электрониро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои гирифтани раводиди электронӣ зарур аст, ки варақа (анкета)-и электрониро дар портали раводиди электронӣ www.evisa.tj. пур намояд ва дархостро дар шакли электронӣ ирсол кунад, ки он ба таври автоматӣ аз тарафи системаи шабакаи иттилоотии электронӣ санҷида мешавад. Дархост то вақте, ки пардохти электронӣ тариқи системаи байналмилалии пардохт амалӣ карда нашавад, баррасӣ карда намешавад.
Баъди баррасӣ ва қабули қарори мусбат нисбат ба дархост, раводиди электронӣ дар шакли электронӣ (дар формати А4) ба почтаи электронии шахси дархосткунанда ирсол карда мешавад. Дархосткунанда бояд раводиди электрониро чоп намояд ва ҳамроҳ бо ҳуҷҷати мусофират (омадурафт) ҳифз кунад.
Пардохти хироҷи консулӣ барои баррасӣ кардани таҳияи раводидҳои электронӣ тавассути пардохтҳои байналмилалии электронӣ, мисли Visa, MasterCard, American Express ва Union Pay амалӣ карда мешавад.
Дар мавриди рад кардани дархост ба дархосткунанда хироҷи консулӣ баргардонида намешаванд.
Нисбат ба ҳуҷҷатҳо барои таҳияи раводиди электронӣ кадом талаботҳо пешниҳод карда мешаванд?
- ба аслияти маълумот, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дигар дар шакли электронӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пешниҳод шудаанд, набояд шубҳа пайдо шавад;
- муҳлати амали ҳуҷҷат одатан бояд на катар аз 6 моҳро то анҷоми амали он ташкил намояд.
Варақа (анкета) барои гирифтани раводиди электрониро чӣ тавр пур кардан мебояд?
Пур кардани варақаи раводиди электронӣ дар сомонаи www.evisa.tj амалӣ карда мешавад.
Иҷозат барои сафар ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куҷо нишон дода мешавад?
Иҷозат барои сафар ба ҳудудҳои махсуси наздисарҳадӣ дар бланки раводиди электронӣ нишон дода мешавад. Барои гирифтани иҷозат барои дидан кардан аз ҳудудҳои махсуси наздисарҳадӣ дархосткунанда бояд ҳамин гуна опсияро зимни пур кардани варақа барои раводиди электронӣ интихоб намояд.
Муҳлати амали раводиди электронӣ чӣ қадар аст?
Муҳлати раводиди электронӣ 90 рӯз мебошад, вале дорандаи он метавонад дар ҳудуди Тоҷикистон на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ қарор дошта, аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошад.
Муҳлати амали раводиди электрониро тамдид кардан мумкин аст?
Муҳлати амали раводиди электронӣ тамдид карда намешавад.
Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки Сафорат дар баррасии дархостҳои раводиди электронӣ иштирок намекунад. Сафорат танҳо раводидҳои стандартиро судур мекунад.
Рӯйхати давлатҳои хориҷӣ, ки шаҳрвандонашон барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содда ҳуқуқ доранд
1. Австралия
2. Ҷумҳурии Австрия
3. Ҷумҳурии Албания
4. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
5. Андорра
6. Антигуа ва Барбуда
7. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
8. Ҷумҳурии Аргентина
9. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ
10. Барбадос
11. Шоҳигарии Баҳрайн
12. Белиз
13. Шоҳигарии Белгия
14. Ҷумҳурии Булғористон
15. Давлати Боливия
16. Босния ва Ҳерсеговина
17. Бразилия
18. Бруней Дару Салом
19. Иттиҳодияи ҷазираҳои Багемия
20. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
21. Ҷумҳурии Венесуэла
22. Ватикан
23. Маҷористон
24. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
25. Иттиҳоди Гайана
26. Ҷумҳурии Гватемала
27. Ҷумҳурии Федеративии Германия
28. Гренада
29. Ҷумҳурии Юнон
30. Шоҳигарии Дания
31. Ҷумҳурии Доминикана
32. Иттиҳоди Доминика
33. Ҷумҳурии Арабии Миср
34. Зеландияи Нав
35. Давлати Исроил
36. Ҷумҳурии Ҳиндустон
37. Ҷумҳурии Индонезия
38. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
39. Ҷумҳурии Исломии Эрон
40. Ҷумҳурии Ирландия
41. Ҷумҳурии Исландия
42. Шоҳигарии Испания
43. Ҷумҳурии Италия
44. Канада
45. Давлати Қатар
46. Ҷумҳурии Кипр
47. Ҷумҳурии Халқии Хитой
48. Колумбия
49. Ҷумҳурии Корея
50. Ҷумҳурии Коста-Рика
51. Ҷумҳурии Куба
52. Давлати Кувайт
53. Ҷумҳурии Латвия
54. Лубнон
55. Ҷумҳурии Литва
56. Принсипи Лихтенштейн
57. Гертсогии Бузурги Люксембург
58. Ҷумҳурии Маврикия
59. Македонияи Шимолӣ
60. Малайзия
61. Ҷумҳурии Малдив
62. Ҷумҳурии Малта
63. Шоҳигарии Марокаш
64. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
65. Монако
66. Муғулистон
67. Шоҳигарии Нидерландия
68. Шоҳигарии Норвегия
69. Ҷумҳурии Исломии Покистон
70. Ҷумҳурии Панама
71. Ҷумҳурии Парагвай
72. Папуа Гвинеяи Нав
73. Ҷумҳурии Перу
74. Ҷумҳурии Лаҳистон
75. Ҷумҳурии Португалия
76. Руминия
77. Ҷумҳурии Сан-Марино
78. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
79. Сейшелҳо
80. Ҷумҳурии Сенегал
81. Сент-Винсент ва Гренадин
82. Сент Киттс ва Невис
83. Люсиа Сент
84. Ҷумҳурии Сербия
85. Ҷумҳурии Сингапур
86. Ҷумҳурии Словакия
87. Ҷумҳурии Словения
88. Ҷумҳурии Суринам
89. Шоҳигарии Таиланд
90. Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго
91. Ҷумҳурии Тунис
92. Ҷумҳурии Туркия
93. Туркманистон
94. Ҷумҳурии Ӯзбекистон
95. Ҷумҳурии Уругвай
96. Ҷумҳурии Фиджи
97. Ҷумҳурии Филиппин
98. Ҷумҳурии Фаронса
99. Ҷумҳурии Финляндия
100. Ҷумҳурии Хорватия
101. Монтенегро
102. Ҷумҳурии Чехия
103. Ҷумҳурии Чили
104. Конфедератсияи Швейтсария
105. Шоҳигарии Шветсия
106. Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка
107. Ҷумҳурии Эквадор
108. Сальвадор
109. Ҷумҳурии Эстония
110. Аморати Муттаҳидаи Араб
111. Ямайка
112. Ҷопон