Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.12.2019 07:05

Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»;
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад" аз 20 феврали соли 2009, № 624
  • “Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 майи соли 2020, № 294 тасдиқ шудааст.

 

Шиносномаи хориҷӣ чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

Шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷатест, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дорандагони онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳанд?

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ ё муваққатӣ доранд.

Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

  • ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда);
  • шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
  • шиносномаи хориҷии эътибордошта ва нусхаи он;
  • шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он;
  • шаҳодатномаи акди никоҳ ва нусхаи он (дар ҳолатҳои дахлдор);
  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (раводид, корти иқомат);
  • маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Ивази шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад?

  • Ҳангоми тағйир ёфтани мақоми хизматии дорандаи шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
  • ҳангоми дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои ворид намудани сабт, қайдҳо ва раводид;
  • ҳангоми фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
  • ҳангоми гум шудани шиноснома;
  • ҳангоми аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном, номи падар ва дигар маълумоти муайянкунандаи шахсият.

 

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, дорандагони он бояд фавран ба мақомоти дахлдори кишвари будубош, инчунин ба муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, ки он фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот бо зикри насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ирсол менамояд, ва агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, дарҷ менамояд. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ва набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст оид ба ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирифтани шиносномаи хориҷӣ ё шаҳодатномаи бозгашт хабар медиҳад.

Оё муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ тамдид карда мешавад?

Муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) тамдид карда намешавад.

Оё аъзоёни оила (фарзандон)-ро дар шиносномаи хориҷӣ номнавис кардан мумкин аст?

Аъзоёни оила дар шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандӣ) номнавис карда намешаванд.



Судури шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолатҳо рад карда мешаванд?

Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муваққатан дар ҳолатҳои зерин додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар:

  • ӯ аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани муҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Муҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби Комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
  • ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, то баровардани қарор аз рӯи парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
  • барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, то адои (иҷрои) ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо, ба истиснои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;
  • аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммааш гузоштаи суд саркашӣ кунад, то иҷрои уҳдадориҳо ё то ба мувофиқа расидани тарафҳо;
  • маълумоти бардурӯғ дода бошад;
  • нисбати ӯ иҷрои қарори суд оид ба манъи муваққатии баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда бошад – то бекор кардани манъкунӣ;
  • дар кофтукови ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноят қарор дошта бошад;
  • мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад – то ба итмом расидани муҳлати адои хизмати ҳарбӣ;

 

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

Шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, ки ба муҳлати на зиёда аз 30 рӯз дода шудааст.

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кадом мақомот ва дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо таҳия карда мешавад?

Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

  • аризаи муроҷиаткунанда, ки намунааш аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳия ва тасдиқ мегардад;
  • маълумотномаи шуъбаи корҳои дохилӣ ё мақомоти дигари дахлдори давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба далели муроҷиати ин шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома;
  • ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира).
  • 2 акси рангаи андозааш 3х4;
  • расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок амалӣ карда шавад).


Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои будубош дар хориҷа асос шуда наметавонад.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан бо Бахши консулии Сафорат тамос гиред.

Рӯз ва соатҳои корӣ: рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 09:00 то 12:00 ва аз 14:00 то 17:00.

Телефон: + 43 (0) 1 4098266

Почтаи электронӣ: consular@tajikembassy.at

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg