Комиссияҳои байнаиҳукуматӣ

22.04.2021 13:43

Шурӯъ аз соли 2005 ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Австрия мунтазам комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ доир карда мешавад. Комиссияҳои муштарак дар ду сол як маротиба ва дар пойтахти яке аз кишварҳо доир шуда, дар натиҷаи чунин нишастҳо протоколҳои дахлдор ба имзо расонида мешаванд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз байни кишварҳо 8 даври музокирот сурат гирифта, нишасти охирин 2 марти 2023 дар шаҳри Вена баргузор карда шуд.

21 октябри соли 2021 дар Душанбе бо ҳамраисии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Муовини Котиби Давлатии Маҷористон оид ба рушди муносибатҳои шарқӣ Андраш Барани ҷаласаи 1-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа инчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони сохторҳои марбутаи ҳарду кишвар ширкат варзиданд.

24-25 ноябри 2022 сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷиҳати иштирок дар  нишасти дуввуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории  иқтисодӣ барпо гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg