Миёни Тоҷикистону Австрия шурӯъ аз соли 2007 абзори машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Рӯзи 23 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия хонум Катарина Визер баргузор шуданд.
Зимни машваратҳо маҷмуи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва амният баррасӣ карда мешаванд.