Ҷумҳурии Австрия истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 18 январи соли 1992 эътироф карда, муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар 25 марти ҳамон сол барқарор карда шуданд.
Моҳи декабри соли 1996 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вена ва моҳи ноябри соли 2007 Сафорати Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар шаҳри Остона) ифтитоҳ ёфтанд.
Соли 1997 дар Австрия Конфронси байналмилалии кишварҳои донор доир ба дастгирии рушди баъдиҷангии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо Президенти Федералии Ҷумҳури Австрия муҳтарам Томас Клестил мулоқот анҷом дод.
Моҳи ноябри соли 1998 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии кишварҳои донор доир ба дастгирии рушди баъдиҷангии Тоҷикистон байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Австрия оид ба эътирофи шартномаҳои равобити тарафайн, ки қаблан миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Австрия ба имзо расида буданд, табодули ёддошт сурат гирифт.
7 июни соли 2011 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, ки ин яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини муносибатҳои дуҷониба ҳисобида мешавад. Дар ҳошияи ин сафар як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.
Рӯзҳои 12-13 марти соли 2013 Президенти вақти Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии ҷавобӣ анҷом дод, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ҷонибҳо такони нав бахшид.
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба мақсади тақвияти муносибатҳои мутақобилаи фарогир мунтазам машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва Комиссияи муштараки иқтисодӣ баргузор карда мешаванд.
Муносибатҳои байнипарлумонии ҷонибҳо дар ҳоли инкишоф қарор дорад.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар мебошад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Остона) ............. мебошад.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф
Гарчанде муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Австрия соли 1992 барқарор шуда бошанд ҳам, таърихи ин робитаҳо ду даҳсола пештар оғоз шуда буд. Ин таърих ба бародаршаҳр эълон шудани шаҳрҳои Клагенфурти Австрия ва Душанбе аз соли 1972 рост меояд.
Клагенфурт нахустин шаҳри аврупоӣ мебошад, ки бо Душанбе равобити бародаршаҳриро барқарор кардааст.
Чойхонаи миллии тоҷикӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ аз шаҳри Душанбе дар яке аз боғҳои Клагенфурт бунёд ёфтааст.
Ба ғайр аз ин, Клагенфурт якумин шаҳри аврупоӣ барои футболбозони тоҷик мебошад: дар нимаи солҳои 1990 ду футболбози дастаи “Помир-Душанбе” – Александр Азимов ва Валерий Турсунов дар дастаи “Австрия Клагенфурт” бозӣ анҷом додаанд.
Соли 2013 ба мақсади тақвияти равобити ин ду шаҳр Сафорати Тоҷикистон дар Австрия аз шаҳри Клагенфурт боздид карда, як қатор мулоқотҳоро анҷом дод.
Бо даъвати расмии роҳбарияти шаҳрдории Душанбе ба муносибати 50-мин солгарди истиқрори муносибатҳои бародаршаҳри миёни Душанбе ва Клагенфурт сафари ҳайати намояндагони шаҳрдории Клагенфурт таҳти роҳбарии Муовини шаҳрдор – сарпарасти робитаҳои хориҷӣ – ҷаноби Алоис Долинар бо шумули роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтия (Kärntner Messen Klagenfurt) Бернҳард Ерлер ва роҳбари хадамоти ташрифотии шаҳрдорӣ хонум Ева Янитса аз 21 то 24 марти 2022 ба Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар рафти сафар мулоқотҳои ҳайати Клагенфурт бо роҳбарияти шаҳрдории Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат барпо гардиданд.
Аз 28 март то 3 апрели 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи фароғатии бародаршаҳри Душанбе – Клагенфурт (30 март – 2 апрели 2023) ба Ҷумҳурии Австрия сафар кард.
Дар чаҳорчӯбаи боздиди мазкур мулоқотҳои расмии ҳайат 29 марти 2023 дар шаҳри Гратс бо роҳбарияти ширкати “eee Austria International Projects GmbH”, 30 марти 2023 дар мақомоти иҷроияи шаҳри Гратс, 31 март бо роҳбарияти мақомоти сайёҳии Клагенфурт Маркус Штрутс, 1 апрел бо Раиси шаҳри Клагенфурт Кристиан Шайдер сурат гирифтанд.
31 март – 2 апрели 2023 дар шаҳри Клагенфурти Австрия Намоишгоҳи фароғатӣ барпо гардида, дар рафти он гӯшаи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд.
Дар рафти ҳамоиш маълумот роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла куҳнавардӣ, экотуризм, шикор ва ғ., инчунин маҳсулоти ҳунармандию фарҳангии кишвар ба ҳозирини чорабинӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Аз 1 то 5 июли 2024 сафари кории ҳайати шаҳрдории Душанбе таҳти роҳбарии Муовини Раиси шаҳр Дилбар Одилзода ба шаҳри Клагенфурт ҷиҳати иштирок дар маросими тантанавии ифтитоҳи такрории чойхонаи миллии тоҷикӣ дар макони нав – Боғи минитюарҳои Клагенфурт “Минимундус” барпо гардид.
Дар рафти сафар 2 июли 2024 мулоқоти расмии ҳайати Тоҷикистон бо Муовини раиси шаҳри Клагенфурт Александр Томас Кастнер, ки масъули робитаҳои бародаршаҳрӣ мебошад, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Клагенфурт баргузор шуд.
3 июли 2024 дар шаҳри Клагенфурти Австрия маросими ифтитоҳи дубораи чойхонаи миллии тоҷикӣ дар макони нав – Боғи миниатюрҳои Минимундус барпо гардид.
Дар маросими расмӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Александр Томас Кастнер, мушовир Шӯрои шаҳрии Клагенфурт оид ба инфрасохтор Макс Ҳабернихт, Директори Боғи “Минимундус” Валтер Эбнер, собиқ муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Алоис Долинар баромад намуда, дигар ашхоси расмии шаҳрдории Клагенфурт, инчунин ҳамватанони бурунмарзие, ки дар шаҳри Клагенфурт ва атрофи он истиқомат мекунанд, ширкат варзиданд.
Дар самти илм байни Тоҷикистон ва Австрия ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмӣ ба имзо расидааст. Моҳи октябри соли 2005 як зумра олимони Австрия бо сафари корӣ аз Тоҷикистон дидан намуданд.
Аз соли 1997 инҷониб, Академияи дипломатии Вена барои дипломатҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ давраҳои омӯзишии дахлдорро ташкил менамояд. Дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар 6 давраи омӯзишии Академия иштирок намуданд.
Дар Тоҷикистон ба омӯзиши фарҳанги Австрия ва забони олмонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар тули чанд соли охир бо дастгирии Сафорати Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Остона) дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон омӯзиши фани забони олмонӣ ҷорӣ карда шудааст.