Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар ш. Вена) Идибек Қаландар мебошад. (2017)
Сафири Фавқулода ва Мухтори Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Антал Хейзер мебошад.
Ҳамкории сиёсӣ ва мубодилаи сафарҳо
Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устоворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд. Тамосҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар сатҳҳои гуногун идома доранд. Моҳи феврали соли 2004 Муовини якуми вазир, Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Маҷористон - А.Баршон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмии кишвар вохӯрд.
17 январи соли 2011 дар шаҳри Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон баргузор гардиданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷористон рӯзи 10 июни соли 2011 ба муносибатҳои ду кишвар такони тоза бахшид. Дар ҳошияи сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Маҷористон - ҷаноби Пал Шмит мулоқот анҷом дод.
25 феврали соли 2016 дар ш. Ню-Йорк мулоқоти кории Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Муҳриддин бо аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи “Дӯстони об”, аз ҷумла бо Муовини Котиби давлатии Маҷористон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Адам Золтан баргузор гардид.
28 ноябри соли 2016 дар ш.Будапешт дар доираи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити оби Будапешт-2016 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон барпо шуданд. Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои мубрами инкишофи ҳамкориҳои сиёсӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд. Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Петер Сийярто Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористонро барои давраи солҳои 2017-2021 ба имзо расониданд.
29 ноябри соли 2016 дар ш.Будапешт дар ҳошияи кори Саммити оби Будапешт-2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон ҷаноби Янош Адер атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ду кишвар мулоқоти судманд анҷом дод.
27-28 июни соли 2017 Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
20-22 июни соли 2018 ҳайати маҷористонӣ таҳти роҳбарии Сафир оид ба супоришҳои махсус Иштван Йо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” сафар намуд.
28 ноябри соли 2018 Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто дар ш. Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар доираи конфронси Женевагӣ оид ба Афғонистон баргузор гардид.
26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд.
Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар 8 моҳи аввали соли 2020 (январ-август) 740,1 ҳазор доллари ИМА-ро (содирот – 0.00; воридот – 740,1 ҳазор доллари ИМА) ташкил дод. Ҳамкорӣ бо Маҷористон дар соҳаи тиб дар ҳоли рушд қарор дошта, айни замон бештар ба хариду фурӯши доруворӣ равона карда шудааст.