Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Норвегия соли 1992 барқарор гардидаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Вена) дар Шоҳирагии Норвегия Идибек Қаландар мебошад.
Вазирони корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Кнут Воллебэк (Mr. Knut Vollebæk) ва Ян Петерсен (Mr.Jan Petersen) мутаносибан солҳои 1999 ҳангоми раёсати Норвегия дар САҲА ва соли 2004 ба Тоҷикистон сафари кори анҷом додаанд. Ҳайати норвегии Ассамблеяи Парламентии САҲА соли 2012 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Вазири вақти энергетика ва саноати Тоҷикистон ҷаноби Шералӣ Гул моҳи ноябри соли 2012 ба хотири анҷоми сафари корӣ аз Норвегия дидан намудааст.
6 августи соли 2010 «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Ёрии халқи Норвегия» дар бораи ҳамкории гуманитарӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо» баста шудааст. Дар мувофиқат бо ин созишнома дар соли 2010 ҷониби Норвегия бо мақсади тозакунии майдонҳои минаи Тоҷикистон 7 млн. крон (1,06 млн. $) ҷудо кард.
Норвегия дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ ба хотири татбиқи лоиҳаҳои мухталиф аз ҷумла, бунёди Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе; барномаҳои САҲА ҷиҳати нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ва лавозимоти муқаррарии ҷангӣ; пешгирӣ ва мудирияти офатҳои табиӣ; беҳтар намудани дастрасӣ ба энергия ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ғайра ба Тоҷикистон кӯмакҳои молиявӣ ва фаннӣ кардааст.
20 апрели соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ - Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Шоҳигарии Норвегия таҳти роҳбарии Сафири Норвегия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) - Оле Йохан Бёрной баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия ва инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Норвегия дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, муҳокима шуданд. Ҷонибҳо зарурати истифодаи иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба миёни давлатҳо, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика қайд намуданд.
Ҳамкории иқтисодӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаи муштараки тоҷикӣ-норвегӣ амал мекунад.
Ширкати тоҷикӣ-норвегии «Таджгидро» дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия ва Вазорати Энергетика ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2010 ба имзо расидааст, ташкил шудааст.
«Таджгидро» узви барномаи Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд барои таъмини дастгирии машваратӣ ба ширкатҳои энергетикӣ мебошад. Ин барнома инчунин лоиҳаҳоро оид ба самарнокии энергетикӣ ва аудити энергетикӣ дар бар мегирад.
«Таджгидро» ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ ва Вазорати корҳои кориҷии Шоҳигарии Норвегия ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба рушди соҳаи гидроэнегетикаи хурди Тоҷикистон фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии байнидавлатӣ дар марҳалаи барқароршавӣ қарор дорад.