Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Руминия

15.01.2020 12:05

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Руминия 7 июли соли 1992 барқарор гардида, Сафорати Руминия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон таъсис дода шудааст. Айни ҳол Сафири Руминия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) муҳтарам Чезар Маноле Армеану мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бори аввал 18 сентябри соли 2018 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Идибек Қаландар ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар шаҳри Вена) таъин гардидааст.

Дар заминаи муносибатҳои судманд апрели соли 2018 ба мақсади боз ҳам таҳким додани ҳамкориҳои дуҷониба машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия (дар шаҳри Бухарест) бо иштироки Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ҳусейнзода ва Котиби давлатии Руминия Дан Никулаеску доир гардид. Машваратҳои сиёсии ду кишвар заминаи асосии тавсеаи ҳамкориҳо вобаста ба таъсиси Комиссияи муштараки байнидавлатӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ, инчунин имконоти таҳияи як созишнома ё нақшаи амал бо инъикоси зарфиятҳои мавҷуда ва авлавиятҳои ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Руминия дар чаҳорчӯби раёсаташ дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (15-16 апрели соли 2019) мизбони Конфронси сатҳи баланд бахшида ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ  ва зери унвони “Рӯзномаи 2030: Шарокат барои рушди устувор”-ро баргузор намуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин ширкат намуд. Дар ҳошияи ин Конфронс Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия Идибек Қаландар доир ба таъсири паёмадҳои тағйироти иқлим ба вазъи экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла афзоиши офатҳои табиии марбут ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши масоҳати онҳо, инчунин таъсири манфии ин раванд ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва минтақа маърӯза кард. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки 2 сентябри соли 2020 Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Палата вакилони Руминия қарор қабул кард.

Зимни вохӯриҳои дуҷонибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия бо Сафири Руминия дар Австрия муҳтарам Богдан Мазуру дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву амниятии ду кишвар аз ҷумла мушкилоту чолишҳои марбут ба терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои мутташакил, тавсеаи барномаҳои муштарак, ба вежа дар соҳаҳои маориф, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва амният мубодилаи афкор сурат мегирад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg