Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия

15.01.2020 12:13

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 4 феврали соли 1993 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар ш. Вена) Идибек Қаландар мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) Ян Бори мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории рушди минбаъд ва тақвияти муносибатҳо бо Ҷумҳурии Словакия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.

Ҳамасола дар доираи барномаи Ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар ришҳтаи магистратура аз рӯи ихтисосҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар муносибатҳои муосир муносибатҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд. Бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Словакия 2 сентябри соли 2020 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ташкил карда шуд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дарбар мегиранд.

Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия мунтазам рушд ёфта, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2020 (январ-октябр) 1млн. 149,9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg