Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Маҷористон, Руминия, Норвегия ва Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) ва ҳамзамон Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Дафтари СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Вена.
Сафорат моҳи декабри соли 1997 ифтитоҳ шудааст.
Бинои намояндагии дипломатӣ дар ноҳияи 19-уми шаҳри Вена воқеъ гардидааст.
Сафирон ва Намояндагони доимии собиқ:
Ҳамрохон Зарифӣ, 1997-2003
Эркин Қосимов, 2003-2008
Тоҷиддин Шамсов, 2008-2013
Исматулло Насреддин, 2013-2017