Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон

10.08.2022 07:23

9 августи соли 2022 дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Соли бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Иля Дарчиашвили баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сайёҳӣ. инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишварро, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба баргузории машваратҳои сиёсии дарпешистодаи Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирон табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеъаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуданд.

10,08,2022,10,25.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg