Мулоқот бо Муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон

11.08.2022 11:04

10 августи соли 2022 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ғуломҳусайн Ҳусайниниё доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро барои амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар тайёр кардани мутахассисони касбиву техникӣ миёни марказҳои омӯзишии ду кишвар тибқи санадҳои имзошуда зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон дар моҳи майи соли ҷорӣ баён карданд.

11,08,2022,14,11.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg