Мулоқоти вазир бо ҳайати фаластинӣ

12.08.2022 11:30

12 августи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати фаластиниро таҳти роҳбарии директори генералии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунии Фаластин ва минтақа, ҳамкории дуҷониба  ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти иҷрои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва кишоварзӣ бо ҳимояти ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

12.08.02022.14.29.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg