Мулоқот бо Мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ

04.07.2022 11:33

1 июли 2022 дар Вена дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА)  Рафаэл Гроссӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБНА матраҳ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои АБНА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши коршиносони тоҷик, ширакти Тоҷикистон дар лоиҳаҳои минтақавии АБНА ва густариши  ҳамкориҳои фаннӣ зоҳир карда шуд.

04-07-2022-14-34.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg