Мулоқот бо Ноиби Президенти Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия

06.07.2022 11:42

4 июли соли 2022 дар Вена мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Ноиби Президенти Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия Рихард Шентс баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Австрия, инчунин омодагӣ ба нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла танзими анҷумани соҳибкорон дар ҳошияи ҷаласаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

05-07-2022-17-58.jpg

05-07-2022-17-57.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg