24 ноября 2023 дар Парлумони Австрия мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Австрия бо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Австрия - Осиёи Марказӣ ва Муғулистон барпо гардид.
Зимни нишаст мубодилаи афкор роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Австрия сурат гирифта, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамзамон пешниҳодҳои намояндагони кившарҳоро ҷиҳати таҳкими фаъолияти Гурӯҳ ва тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ дар маҷмуъ мавриди баррасӣ қарор доданд.