Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

24.05.2024 06:14

23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.

Зимни сафари давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар мулоқот карда, аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Руйдоди муҳими таърихии ин сафар аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидани Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев  меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона гусел намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 23 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Боку ба Ватан баргаштанд. 

http://www.president.tj/node/33469

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg