24 майи соли 2024 мулоқоти муштараки намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, мушовири намояндаи доимии Давлати Кувайт дар СММ Файсал Аленезӣ бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо перомуни масоили омодагии Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Давлати Кувайт баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan