Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор шуданд

27.05.2024 12:37

Аз 20 то 24 майи соли 2024 дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон меҳмонон бо намоишгоҳи наққошии рассомони тоҷик, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, асарҳои наққошон, ҳунармандону рассомони тоҷик шинос шуданд.

Барномаи ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон, ки аз суруду оҳангҳои марғуби тоҷикона иборат буд, пешниҳод гардид, ки дар он 110 ҳунарманд иштирок намуданд.

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон имкон дод, ки мардуми ин киишвар бо таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ, анъана ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик шинос гарданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg