11 сентябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Вена бо директори Департаменти муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллии Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Елена Купчина мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби ченаки ҳамкории низомию сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаи ташкили чорабиниҳои муштаракро дар чаҳорчӯби ченаки мазкур муҳокима намуданд.