Мулоқотҳои дуҷониба дар ҳошияи 68-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ

20.09.2024 16:57

 

FB-IMG-1726836549888.jpg

FB-IMG-1726836546153.jpgFB-IMG-1726836541778.jpg

Аз 16 то 20 сентябри 2024 дар ҳошияи 68-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ дар шаҳри Вена мулоқотҳои муштараки муовини вазири саноат ва технологияҳои нав А.Назар ва директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  И. Мирсаидзода бо намояндагони воҳидҳои дахлдори АБНА, аз ҷумла раёсати бехатарӣ, раёсати ҳамкориҳои фаннӣ ва шуъбаи радиатсия, интиқол ва бехатарии партовҳо баргузор гардиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки феълӣ ва ҳамчунин тарҳҳои миллии нав дар самтҳои гуногун дар доираи Барномаи ҳамкориҳои фаннии АБНА барои солҳои 2026-2027, аз ҷумла дар назорату солимгардонии партовҳои радиоактивӣ, мустаҳкам намудани иқтидори техникиву таҷрибавии ниҳодҳои масъул ҷиҳати таъмини ҳамоҳангӣ дар давраи баъдӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg