Вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА

17.09.2019 12:21

16 сентябри 2019 дар шаҳри Варшава дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Ингибёрг Гисладоттир баргузор шуд.

Роҳбари ҳайати кишвари мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода Мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА-ро бо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва инчунин иҷрои уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барнома ва паймонҳои мухталиф ба дӯш гирифтааст, шинос кард.

Ингибёрг Гисладоттир, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон боздид намуда буд, аз беҳбудӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва инчунин равандҳои дигари рушди ҷомеаи демократӣ дар кишвар ҳарф зад.

Масъалаи иштироки имконпазири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.

IMG-20190916-WA0030-17-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg