Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори ҳамоиши САҲА

17.09.2019 12:24

16 сентябри 2019 дар шаҳри Варшава ҳамоиши САҲА дар мавриди баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ, ки то 27 сентябри 2019 идома хоҳад ёфт, ба кор оғоз кард. Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш роҳбари ҳайати кишвари мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард. Ӯ равиши мусбати фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи уҳдадориҳо дар чаҳорчӯби таъмини ҳуқуқи инсон дар кишвар таъкид кард. Ёрдамчии Президент инчунин ба масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва амалисозии муштараки муваффақонаи лоиҳаҳо ва барномаҳо ишора кард.

IMG-20190916-WA0006-17-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg