Суханронии ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ оид ба озодии ҷамъомадҳо ва иттиҳодҳо, аз ҷумла озодии фикр, виҷдон, дин ва ақида дар ҳамоиши САҲА

20.09.2019 11:51

19 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи корӣ оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии фикр, виҷдон, дин ва ақида мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо суханронӣ кард.

Дар суханронияш Абдулло Раҳнамо изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми уҳдадориҳои байналмилалии худро оид ба озодии виҷдон ва ақоиди мазҳабӣ иҷро мекунад, инчунин қонунҳои кишвар ба намояндагони тамоми динҳо ва равияҳо барои таъсиси муассисаҳои динӣ имкониятҳои баробар муҳайё месозад. Дар айни замон ӯ қайд кард, ки маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад, зеро онҳо иттиҳодияҳои динӣ нестанд.

Rakhnamo-19-09-2019-1517.png

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg