Суханронии ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ оид ба озодии гирдиҳамоиҳо ва иттиҳодияҳо дар ҳамоиши САҲА

20.09.2019 11:55

19 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии гирдиҳамоиҳо ва иттиҳодҳо роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард.

Ӯ иштирокчиёни ҳамоишро бо таҷрибаи дар Тоҷикистон мавҷудаи додани ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии иттиҳодҳо шинос кард. Тадбирҳои кишвар дар риояи бечунучарои санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қайд шуданд. Инчунин Зариф Ализода далелҳои раднашавандаи тааллуқ доштани Ҳизби наҳзати ислом ба созмонҳои террористӣ ва ифротиро ироа намуд.

Alizoda-svoboda-sobranii-19-09-2019.png

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg