Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия

15.01.2020 12:16

Ҷумҳурии Австрия истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 18 январи соли 1992 эътироф карда, муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар 25 марти ҳамон сол барқарор карда шуданд.

Моҳи декабри соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вена ва моҳи ноябри соли 2007 Сафорати Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар шаҳри Нур-Султон) ифтитоҳ ёфтанд.

Соли 1997 дар Австрия Конфронси байналмилалии кишварҳои донор доир ба дастгирии рушди баъдиҷангии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо Президенти Федералии Ҷумҳури Австрия муҳтарам Томас Клестил мулоқот анҷом дод.

Моҳи ноябри соли 1998 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии кишварҳои донор доир ба дастгирии рушди баъдиҷангии Тоҷикистон байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Австрия оид ба эътирофи шартномаҳои равобити тарафайн, ки қаблан миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Австрия ба имзо расида буданд, табодули ёддошт сурат гирифт.   

7 июни соли 2011 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, ки ин яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини муносибатҳои дуҷониба ҳисобида мешавад. Дар ҳошияи ин сафар як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Рӯзҳои 12-13 марти соли 2013 Президенти вақти Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии ҷавобӣ анҷом дод, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ҷонибҳо такони нав бахшид.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба мақсади тақвияти муносибатҳои мутақобилаи фарогир мунтазам Машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва Комиссияи муштараки иқтисодӣ баргузор карда мешаванд..    

Муносибатҳои байнипарлумонии ҷонибҳо дар ҳоли инкишоф қарор дорад.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон) Герҳард Сайллер мебошад.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф

Гарчанде муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Австрия соли 1992 барқарор шуда бошанд ҳам, таърихи ин робитаҳо ду даҳсола пештар оғоз шуда буд. Ин таърих ба бародаршаҳр эълон шудани шаҳрҳои Клагенфурти Австрия ва Душанбе аз соли 1972 рост меояд.

Клагенфурт нахустин шаҳри аврупоӣ мебошад, ки бо Душанбе равобити бародаршаҳриро барқарор кардааст.

Чойхонаи миллии тоҷикӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ аз шаҳри Душанбе дар яке аз боғҳои Клагенфурт бунёд ёфтааст.

Ба ғайр аз ин, Клагенфурт якумин шаҳри аврупоӣ барои футболбозони тоҷик мебошад: дар нимаи солҳои 1990 ду футболбози дастаи “Помир-Душанбе” – Александр Азимов ва Валерий Турсунов дар дастаи “Австрия Клагенфурт” бозӣ анҷом додаанд.

Соли 2013 ба мақсади тақвияти равобити ин ду шаҳр Сафорати Тоҷикистон дар Австрия аз шаҳри Клагенфурт боздид карда, як қатор мулоқотҳоро анҷом дод.

Дар самти илм байни Тоҷикистон ва Австрия ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмӣ ба имзо расидааст. Моҳи октябри соли 2005 як зумра олимони Австрия бо сафари корӣ аз Тоҷикистон дидан намуданд.

Аз соли 1997 инҷониб, Академияи дипломатии Вена барои дипломатҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ давраҳои омӯзишии дахлдорро ташкил менамояд. Дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар 6 давраи омӯзишии Академия иштирок намуданд.

Дар Тоҷикистон ба омӯзиши фарҳанги Австрия ва забони олмонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар тули чанд соли охир бо дастгирии Сафорати Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон) дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон омӯзиши фани забони олмонӣ ҷорӣ карда шудааст.

Аз 30 май то 1 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳангии Австрия бо иштироки намояндагони доираҳои васеи дахлдори ин кишвар баргузор гардид.

19 марти соли 2013 дар Қасри Белведери шаҳри Вена Иди Наврӯз ҷашн гирифта шуд, ки дар ҳошияи он китоби “Мероси тиллоии Тоҷикистон”, ки ба қалами вазири вақтии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикитон Ҳамрохон Зарифӣ таллуқ дорад, муаррифӣ карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg