Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии вазорати корҳои хориҷии Руминия

04.03.2021 12:46

4 марти 2021 мулоқоти маҷозии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Котиби давлатии вазорати корҳои хориҷии Руминия Данут Некулаеску баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Руминияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд. Мусоҳибон атрофи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули андеша намуданд.

IMG-1970.jpg

15151.jpg

 

Нигористон

Тақвим